6 Май 2020 - 13:35
Охирин омори корона дар Эрон, шиносоии ҳазору 680 бемори нав, беҳбудии беш аз 81 ҳазор нафар

Вазорати тандурустии Эрон эълом кард: То кунун 81 ҳазору 587 нафар аз мубталоён ба корона дар кишвар беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо ҷавоб дода шудаанд.

(ABNA24.com) Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Қиёнуши Ҷаҳонпур- раиси маркази Равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати тандурустии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар Эрон, бо баёни ин ки дар 24 соати гузашта, ҳазору 680 бемори нав шиносоӣ шудаанд, афзуд: То кунун бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 101 ҳазору 650 нафар дар Эрон ба вируси  корона мубтало шудаанд. Ҷаҳонпур ҳамчунин бо ишора ба фавти 78 нафар дар 24 соати гузашта, гуфт: Фавти бархоста аз вируси корона дар Эрон ба 6 ҳазору  418 нафар расидааст.

342/